Қарзи берунаи Тоҷикистон қариб 35 млн. $ кам шуд

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 июли соли равон 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо аввали соли 2015 ба миқдори 34,6 млн. доллари ИМА камтар буда, ба 19,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 июли соли равон 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо аввали соли 2015 ба миқдори 34,6 млн. доллари ИМА камтар буда, ба 19,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки барои идоракунии пурсамари қарзи хориҷӣ тадбирҳои қотеъона андешида шуда, хизматгузории он пурра таъмин гардид.

Ба гуфтаи ӯ, барои пардохти қарзи хориҷӣ беш аз 70 млн. доллари ИМА, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ – зиёда аз 55 млн. доллари ИМА ва фоизҳо – ҳудуди 16 млн. доллари ИМА маблағҳо равона гардиданд.

Каримзода таъкид дошт, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои амалисозии 5 лоиҳаи нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 873 млн. сомонӣ 6 созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расидаанд.

«Айни замон оид ба ҷалби воситаҳои иловагӣ ҷиҳати дастгирии буҷет бо Фонди зиддибуҳронӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин аст, ки ҳаҷми қарз назди ин кишвар 942 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Тоҷикистон ҳамчунин аз Бонки ҷаҳонӣ – 326,5 млн. доллари ИМА ва Бонки осиёгии рушд – 277 млн. доллари ИМА низ қарздор аст», – афзуд муовини аввали вазири молия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.