Мақоми дуюми Дилшод Назаров дар ҷаҳон пас аз пирӯзӣ дар Шветсия

Гурзандози маъруфи тоҷик ва қаҳрамони Осиё Дилшод Назаров бори дуюм дар мусобиқаи силсилаи IAAF (Федератсияи байналмилалии варзиши сабук) оид ба гурзандозӣ дар Гран-При Карлстади Шветсия пирӯз шуд. Пас аз чор рӯзи ғолибият дар мусобиқаи байнулмилалӣ ба хотири бародарон Знаменскийҳо дар вилояти Маскав Дилшод Назаров ин дафъа гурзро ба масофаи 77,95 метр партофта зинаи аввалро касб […]

Сайфиддин Қараев



Гурзандози маъруфи тоҷик ва қаҳрамони Осиё Дилшод Назаров бори дуюм дар мусобиқаи силсилаи IAAF (Федератсияи байналмилалии варзиши сабук) оид ба гурзандозӣ дар Гран-При Карлстади Шветсия пирӯз шуд.

Пас аз

чор рӯзи ғолибият дар мусобиқаи байнулмилалӣ

ба хотири бародарон Знаменскийҳо дар вилояти Маскав Дилшод Назаров ин дафъа гурзро ба масофаи 77,95 метр партофта зинаи аввалро касб намуд. Зинаҳои дуюм ва сеюм дар ин мусобиқаро варзишгари Британияи Кабир Ника Миллер бо натиҷаи 77,55 метр ва гурзандози Италия Марко Лингва бо нишондиҳандаи 76,76 метр ишғол карданд.

Бо ин ғалаба Дилшод Назаров мавқеъи дуюмашро дар ҳисоби умумии Hammer ThrowChallenge ҳифз кард. Мусобиқаи муҳими наздиктарин барои Дилшод Назаров Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук мебошад, ки бо сарпарастии IAAF аз 22 то 30 августи соли 2015 дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки Дилшод Назаров нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба

ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои Олимпиада-2016

 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) даст ёфт.

Ҳамчунин дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2015 дар шаҳри Ухани Чин Дилшод Назаров бо натиҷаи 77.68 метр 

маротибаи сеюм қаҳрамони Осиё шуд.

Бозиҳои олимпии соли 2016 барои Дилшод Назаров Олимпиадаи чорум аст. Бори нахуст ӯ соли 2004 дар Олимпиадаи Афина (Юнон) иштирок кард. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ӯ зинаи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон мақоми 10-умро касб намуда буд.

Дилшод Назаров қаҳрамони Осиё дар солҳои 2009 ва 2013 аст. Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон соли 2013 дар Маскав ба дарёфти мақоми 5-ум ноил гардида буд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар баробари варзишгари маъруф будан, айни замон Дилшод Назаров ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон низ фаъолият дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.