Барои афзоиши маошу нафақа ва стипендияҳо 320 млн. сомонӣ ҷудо мешавад

Барои афзоиши маошу нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли ҷорӣ Вазорати молияи кишвар 320 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад. Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз 1 сентябр болоравии музди меҳнати кормандони сохтори буҷетӣ ва ҳамчунин нафақаву идрорпулиҳо дар назар буда, […]

Пайрав Чоршанбиев



Барои афзоиши маошу нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли ҷорӣ Вазорати молияи кишвар 320 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз 1 сентябр болоравии музди меҳнати кормандони сохтори буҷетӣ ва ҳамчунин нафақаву идрорпулиҳо дар назар буда, бо ин мақсад ҷудо гардидани 329 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

«Афзоиши музди меҳнати кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15%, кормандони бахши маориф, тандурустӣ ва фарҳанг – 20%, нафақапулӣ – 25% ва стипендияҳо – 30% пешбинӣ мешавад», – иброз дошт ӯ.

Муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ ҳамчунин илова намуд, ки ин воситаҳо асосан аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио