Сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон 2,25 млрд. $ арзёбӣ мешавад

Лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ба аввали нимсолаи дуюми соли равон аз 54 лоиҳа иборат буда, сандуқи сармоягузории онҳо 2,25 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ миёни Тоҷикистон ва шарикон […]

Пайрав Чоршанбиев



Лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ба аввали нимсолаи дуюми соли равон аз 54 лоиҳа иборат буда, сандуқи сармоягузории онҳо 2,25 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ миёни Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд ба маблағи 123,6 млн. доллари ИМА 5 созишномаи нав ба имзо расидааст.

«То 1 июли соли 2015 дар доираи амалисозии лоиҳаҳои амалкунанда беш аз 6,7 млрд. сомонӣ маблағҳо азхуд шуданд, ки ба 48% аз ҳаҷми умумии ин воситаҳо баробар аст», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаҳои сармоягузории амалишаванда 10 бахши гуногуни иқтисодро фаро гирифта, дар сохтори ин воситаҳо ҳиссаи қарзҳо ба – 45%, грантҳо – 47% ва ҳиссаи ҳукумат ба 6,7% рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, Л.Файзуллоев таъкид дошт, ки тӯли 6 моҳи соли 2015 ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 201 млн. доллари ИМА воситаҳо ҷалб шудаанд, ки ҳудуди 97 млн. долларашро сармоягузориҳои мустақим ташкил медиҳанд.

«Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ асосан ба соҳаи иктишофи геологӣ ва истихроҷи кандланиҳои фоиданок, ба бахши алоқа, сохтмон, саноат ва кишоварзӣ ҷалб шуданд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.