Суди олӣ ҳукм нисбати директори бозори «Ином»-ро бетағйир боқӣ гузошт

Суди олии Тоҷикистон ҳукми рӯзи 30 апрел содиршуда аз ҷониби суди вилояти Хатлон нисбати директори бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс Бурҳон Абдуллоевро, ки дар робита ба муноқишааш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар расонаҳо маъруф шуд, бетағйир боқӣ гузошт. Он замон ӯ ба 3 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум гардида буд. Раҳматилло Зойиров, адвокати Б.Абдуллоев ба […]

Аваз Юлдошев



Суди олии Тоҷикистон ҳукми рӯзи 30 апрел содиршуда аз ҷониби суди вилояти Хатлон нисбати директори бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс Бурҳон Абдуллоевро, ки дар робита ба муноқишааш бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар расонаҳо маъруф шуд, бетағйир боқӣ гузошт. Он замон ӯ ба 3 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум гардида буд.

Раҳматилло Зойиров, адвокати Б.Абдуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки зимни пешниҳоди аризаи кассатсионӣ ба Суди олӣ адвокатҳо дархост намуда буданд, ки ба мурофиаи судӣ худи Муҳибулло Саъдуллоев даъват карда шавад, вале Суди олӣ даъвати ӯро зарур нашуморид.

Қобили зикр аст, ки Б.Абдуллоев дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи модадҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 255, қ. 2 (Барқасдона ноюуд кардан ё зара расонидан ба амвол тариқи сӯзонидан)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев қаблан ба «Азия-Плюс»

дар ин робита иттилоъ дода буд

, ки аз 19-уми декабри соли 2014 ҳамсари ӯ дар Раёсати ВКД Хатлон қарор дошта, ӯ гӯё ба «фармоиш» додани оташзании бозори «Ином» ба ду ҷавон, ки минбаъд бо далели шайъӣ – шишаҳои бензин боздошт шудаанд, гумонбар дониста мешавад. «Ҳамсари маро дидаву дониста боздошт карданд, то ки мо бобати қарори беадолатонаи суд дигар ба ҳеҷ куҷо муроҷиат накарда, саҳми худро дар бозор талаб накунем», – гуфт ӯ.

Ҳамчунин пештар ӯ бо мактуби кушод ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муроҷиат карда, дархост намуда буд, ки дар робита ба ғасби ғайриқонунии бозори «Ином» адолатро барқарор намуда, барои ин комиссияи махсус таъсис дода шавад. Абдуллоева умедвор буд, ки бо ёрии комиссия саҳмияҳои бозор баробар миёни оилаҳои Абдуллоевҳо ва Саъдуллоевҳо тақсим карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд