Прокурори генералӣ: Тоҷики барои ДИИШ ҳалокшуда моҳе 100 $ музд мегирифт



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза бо ҳикоят аз тақдири як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Сурия ҷангидан рафтааст, овозаҳо дар бораи мукофотпулиҳои зиёд додани Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ба ҷангиёнро беасос унвон кард.

«Дирӯз, 30 июл ман занеро ба ҳузур пазируфтам, ки ҳамроҳи шавҳараш муддати 1 сол дар Сурия ҳузур доштааст. Ӯ ҳикоят кард, ки ҳамсараш дар сафҳои ДИИШ меҷангид ва барои ин моҳе 100 доллари ИМА музд мегирифт. Пас аз маҷрӯҳ шуданаш касе ба ӯ кумак накарда, ҳалок шудааст ва ин зан тариқи Туркия аз Сурия гурехта, бо ёри дипломатҳои тоҷик ба ватан баргаштааст», – иброз дошт Ю.Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, прокурори генералӣ қайд кард, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи фиреб ба сафҳои ДИИШ ҷалб шуда буданд, ба ватан бармегарданд ва танҳо рӯзи 30 июл 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар нисбати тамоми шаҳрвандоне, ки ҷангиданашон дар Ироқу Сурия ошкор шудааст, парвандаҳои ҷиноӣ боз намудааанд, вале дар ҳамин ҳол аз шумори ин парвандаҳо маълумот дода нашуд.

Юсуф Раҳмон зикр кард, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба беш аз 2 ҳазор сомонаҳои террористӣ ва ифротгаро қатъ шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Покурори генералӣ таъкид дошт, ки тибқи маълумоти мавҷуда дар ин мақомот, фақат ҳамин моҳ ҳудуди 50 шаҳрванди кишвар дар сафҳои ДИИШ ҳалок шудаанд.

«Дар Ироқу Сурия аз 30 то 40 нафар занон аз Тоҷикистон низ ҳузур доранд, ки бо ҳамсаронашон рафтаанд ва агар онҳо ба даст яроқ нагирифта бошанд, нисбату онҳову кӯдаконашон парвандаи ҷиноӣ боз намегардад», – изҳор дошт Ю.Раҳмон.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар сурати ҳалок шудани ҳамсарони занон, ҳатто ба хок супурдани онҳоро мунтазир нашуда, маҷбуран занонро ба ҷангии дигар ба шавҳар медиҳанд.

spot_imgspot_img

Популярное