Оғози даври дуюми мусобиқаи Лигаи олии футбол

Рӯзи шанбеи 1-уми август қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт. Дар доираи бозиҳои даври 10-уми чемпионат, ҳамаи даҳ дастаи лига ширкат карданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и пойтахт дар шаҳри Қӯрғонтаппа меҳмони “Вахш” шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи меҳмонони душанбегӣ анҷом ёфт. […]

ASIA-Plus



Рӯзи шанбеи 1-уми август қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт. Дар доираи бозиҳои даври 10-уми чемпионат, ҳамаи даҳ дастаи лига ширкат карданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и пойтахт дар шаҳри Қӯрғонтаппа меҳмони “Вахш” шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи меҳмонони душанбегӣ анҷом ёфт. Голҳоро Хуршед Маҳмудов, Манучеҳр Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расонданд.

Дар бозии марказии давр байни “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб низ ғалаба насиби меҳмонони кӯлобӣ гардид. Бозии шавқовару дидани бо ҳисоби 3 бар 4 анҷом ёфт. Ин бозии нахустини дастаи Истаравшан зери роҳбарии Алиёр Ашурмамадов буд.

“Хуҷанд”-и Хуҷанд ни дар сафар,  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо шуд. Голҳои задаи Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров ва Ҷаҳонгир Эргашев се имтиёзро насиба дастаи соҳили Сирдарё карданд.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ КМВА Помир”-ро бо ҳисоби минималии 1 бар 0 мағлуб кард. Голи ягонаи соҳибони майдонро дар дақиқаи 43 бозӣ Комил Саидов зад.

“Хайр”-и Ваҳдат  бар аутсайдери чемпионати имсола “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Голи ягонаро дар ин вохӯрӣ Меҳроҷиддин Музаффаров вориди дарвозаи меҳмонон сохт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал баъди 10 давр:

   


Б


Ғ


М


Б


Т/Т


И


1


«Истиқлол» (Душанбе)

10

10

0

0

37-2


30


2


«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

7

2

1

19-7


23


3


«Хайр» (Ваҳдат)

10

6

1

3

15-13


19


4


«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

5

4

1

15-7


19


5


«Равшан» (Кӯлоб)

10

5

2

3

21-20


17


6


«Далерон-Уротеппа» (Истаравшан)

10

3

2

5

13-16


11


7


КМВА «Помир» (Душанбе)

10

3

2

5

7-13


11


8


«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

10

1

3

6

3-18


6


9


«Барқи тоҷик» (Душанбе)

10

1

2

7

6-19


5


10


«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

10

0

0

10

1-22


0

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.