Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои ДИДҲБ/САҲА-ро меомӯзад

Тавсияҳои чанде қабл расида аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) аз рӯи натиҷаҳои интихоботи парлумонии 1 мартро ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзишу омода кардани ҷавобҳо ба Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон фиристод. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев



Тавсияҳои чанде қабл расида аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) аз рӯи натиҷаҳои интихоботи парлумонии 1 мартро ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзишу омода кардани ҷавобҳо ба Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон фиристод.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳукумат ба КМИР дастур додааст, ки дар сурати зарурат барои омода кардани посухҳо ба ДИДҲБ/САҲА кормандони дигар вазорату идораҳо низ ҷалб карда шаванд. «Посухҳои ҷамъбастшуда аз ҷониби гурӯҳи кории дар назди КМИР таъсисёфта омода карда мешавад», – қайд кард Додозода.

Қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Додозода дар ин робита изҳор намуда буд, ки ДИДҲБ/САҲА ба Тоҷикистон ҳамагӣ 31 тавсия ирсол намудааст, ки ба корҳои ташкилу баргузории интихобот, бақайдгирии интихобкунандагон ва номзадҳо ба вакилӣ, кор бо ВАО, санҷиши донистани забони давлатӣ аз номзадҳо, нозирони миллӣ аз аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар марбут аст.

Намояндаи КМИР Тоҷикистон таъкид дошт, ки баъзе тавсияҳои ин ниҳод умуман ба меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ мутобиқат намекунанд.

«Масалан, ба мо тавсия медиҳанд, ки ба овоздиҳӣ ба интихобот маҳкумшудагон барои содир намудани ҷиноятҳо роҳ дода шаванд, ки тибқи Конститутсияи Тоҷикистон манъ аст ё тавсияҳои ДИДҲБ/САҲА дар бораи ба раъйдиҳанда додани ҳуқуқи дар як вақт овоз додан ба якчанд номзадҳо ба вакилӣ, ки ба усули «як интихобкунанда – як овоз» созгор нест», – таъкид дошта буд намояндаи КМИР.

Ба гуфтаи ӯ, бо тавсияи ДИДҲБ/САҲА дар интихоботи гузашта муҳлати бозхонди номзадҳо ба вакилӣ аз интихобот дақиқан – 7 рӯз муқаррар шуда буд. «Акнун ба мо тавсия медиҳанд, ки ин муҳлатро то 10 рӯз, яъне то санаи омода шудани варақаҳои раъйдиҳӣ дароз кунем. ДИДҲБ/САҲА ҳамчунин тавсия медиҳад, ки иштироки нозирон аз аҳзоби сиёсии кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори комисияҳои интихоботии қитъавӣ таъмин карда шавад, ки тибқи қонунгузории кишвар манъ нашудааст», – афзуд Додозода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.