Эроди президент аз раиси Шӯрои уламо барои иштирок дар маъракаҳои мансабдорон



Дар маҷлиси имрӯзаи васеи ҳукумати ҷумҳурӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳон аз он норозигӣ изҳор кард, ки раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода вақти худро дар иштирок дар маъракаҳои мансабдорон талаф медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба раиси Шӯрои уламои мамлакат барои иштирок дар маъракаҳои шахсони мансабдор эродҳои ҷиддӣ гирифта, супориш дод, ки дар ҳама ҳолат бояд паҳлӯи мардуми бечора ва мусибатзада бошанд ва тамоми диндоронро низ ба ин кор ҷалб намоянд.

Сарвари давлат ба Кумита оид ба корҳои дин ва Шӯрои уламои кишвар вобаста ба расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба барҷомондагон, ятимон, ниёзмандон, додани садақаву фитр ба шахсони камбизоат ва ҷалби ҷомеа ба корҳои хайру савоб дастуру ҳидоятҳо дод.

spot_imgspot_img

Популярное