Чин ба Тоҷикистон 10 млн. юан кумак мефиристад



Ҳукумати Чин тасмим гирифт, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. юан (беш аз 1,6 млн. $) кумаки таъҷилии башардӯстона мефиристад. Дар ин бора хабаргузории


«Синьхуа»


иттилоъ медиҳад.

Дар департаменти кумак ба хориҷаи назди Вазорати тиҷорати Чин қайд кардаанд, ки шурӯъ аз моҳи июл бар асари гармои шадид ва офатҳои табиӣ бар асари он, дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон одамон ҳалоку ба амволашон осеби ҷиддӣ расонида шуд.

Гуфта мешавад, ояндаи наздик ин кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ирсол мегардад. «Вазорати тиҷорати Чин вазъи минбаъда дар Тоҷикистон ва талаботи он дар доираи рафъи оқибатҳои офати табииро бодиққат пайгирӣ мекунад», – омадаст дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи июл бар асари гармии беҳад зиёд дар Тоҷикистон пиряхҳо тезтар об шуда, дар ноҳияҳои баландкӯҳи кишвар сел омад. Зиёни умумии расида аз ин офати табииро ҳукумат 600 млн. сомонӣ арзёбӣ намуд.

spot_imgspot_img

Популярное