300 ҳазор сомонӣ аз президент барои ғолибони мусобиқаҳои байнулмилалӣ

Ҳаҷми маблағи ҷоизаи президенти мамлакат барои медали тилло дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба варзишгарони тоҷик 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди президенти ҶТ, аз ин пас барандагони медали нуқра бо 200 ҳазор ва медали биринҷӣ дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ бо 150 ҳазор сомонӣ қадр хоҳанд шуд. Ин маблағҳо аз […]

ASIA-Plus



Ҳаҷми маблағи ҷоизаи президенти мамлакат барои медали тилло дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба варзишгарони тоҷик 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди президенти ҶТ, аз ин пас барандагони медали нуқра бо 200 ҳазор ва медали биринҷӣ дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ бо 150 ҳазор сомонӣ қадр хоҳанд шуд. Ин маблағҳо аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат ҷудо мешавад.

Ёдрас мешавад, ки 9 январи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ба тасвиб расида, ин иқдоми Сарвари давлат бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони кишвар дар ин мусобиқаҳо рӯи даст гирифта шуд. Чанд рӯз қабл муқаррарот дар бораи ин ҷоиза тасдиқ шуда, ҳаҷми маблағи пардохтпулиҳо муайян карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.