Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» боздид ба амал овард.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни шиносоӣ бо фаъолият ва сӯҳбат бо кормандони «Маркази «Шаҳри бехатар» Вазири корҳои дохилӣ аз ҳар кадоми онҳо талаб намуд, ки вазифаҳои ба зимма доштаашонро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ иҷро намуда, дар доираи талаботҳои қонуну қоидаҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи интизомнокии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ намудани садамаҳои нохуши нақлиётӣ, ҳифзи тартиботи чамъиятӣ ва ба танзим даровардани истифода ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ, махсусан кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе фаъолият пурзӯр карда шавад.
Дар хотима Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷиҳати бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.



