С.Хайруллоев: Ман ҳамеша бо мардум ва президент будам

Раиси ду даъвати палатаи поёнии парлумон аз соли 2000 то соли 2010, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев имрӯз, 10 август 70-солагиашро ҷашн мегирад. Дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба «Азия-Плюс» соҳибҷашн изҳор намуд, ки тамоми умр кӯшидааст, ки ба хотири рушди Тоҷикистон ва некӯаҳволии мардуми он кор кунад. «Зимни фаъолият ба ҳайси раиси палатаи поёнии […]

Аваз Юлдошев



Раиси ду даъвати палатаи поёнии парлумон аз соли 2000 то соли 2010, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев имрӯз, 10 август 70-солагиашро ҷашн мегирад.

Дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба «Азия-Плюс» соҳибҷашн изҳор намуд, ки тамоми умр кӯшидааст, ки ба хотири рушди Тоҷикистон ва некӯаҳволии мардуми он кор кунад.

«Зимни фаъолият ба ҳайси раиси палатаи поёнии парлумон ҳамеша паҳлӯи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон будам ва кӯшиш кардам, ки дар паҳлӯи ӯ – фарзанди барӯманди мардуми тоҷик ба мардум хизмат намуда, дар таъмини сулҳу субот дар кишвар саҳм гузорам», – иброз дошт С.Хайруллоев.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки замоне ҳамчун шахси наздик ба доираи кории президент ба хубӣ аз хизматҳои арзандаи Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва кишвар огаҳ аст. «Тоҷикистониён бояд президенти худ Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштаву аз ӯ ифтихор намоянд», – таъкид дошт Хайруллоев.

Қобили зикр аст, ки аз замони ба нафақс баромадан аз соли 2010 Сайдулло Хайруллоев то имрӯз ба ҳайси Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ифои вазифа мекунад.


Маълумотнома

Хайруллоев Сайдулло 10 августи соли 1945 дар деҳаи Муллобадали ноҳияи Ғарм таваллуд ёфтааст. Соли 1969 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намуда, дар вазифаҳои роҳбарии Раёсати бахши обёрӣ дар ноҳияи Ғарм будаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиҷроияи ноҳияи Ғарм кор кардааст.

Солҳои 1977–1979 шунавандаи мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буд. Баъдан дар вазифаҳои раиси Комиҷроияи ноҳияи Ғарм, котиби якуми Кумитаи ҳизби комунистии ноҳияи Совет, котиби Кумитаи вилоятии Ҳизби комунистии вилояти Хатлон, раиси Кумиҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири ҳифзи муҳити зист, раиси ноҳияи Ғарм, раиси Кумитаи фулузоти қиматҳо ва сангҳои ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ӯ депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, вакили халқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум интихоб шудааст.

27 феврали соли 2000 аз ҳавзаи интихоботии Ғарм № 12 вакили Маҷлиси намояндагон ва 27 марти соли 2000-ум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

27 феврали соли 2005 Сайдулло Хайруллоев аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Рашт № 12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 17 марти соли 2005 дар ҷаласаи аввли Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 29 марти соли 2010 Сайдулло Хайруллоев бо амри Президенти кишвар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати солҳои 2010–2015 таъин шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.