Бар асари таркиш дар Чин 42 кас ҳалок ва беш аз 400 нафар ҷароҳат бардоштанд

Бар асари таркиш дар анбори маводҳои  моеи шаҳри Тянтсзини  Ҷумҳурии Мардумии Чин 42 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 400 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии АМИТ «Ховар, дар натиҷаи ин таркиши мудҳиш ҳатто то масофаи 2 км тирезаҳои манзилҳои зист шикаста, бештар аз ҳазор нақлиёти гирду атрофи макони ҳодиса […]

ASIA-Plus



Бар асари таркиш дар анбори маводҳои  моеи шаҳри Тянтсзини  Ҷумҳурии Мардумии Чин 42 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 400 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии АМИТ «Ховар, дар натиҷаи ин таркиши мудҳиш ҳатто то масофаи 2 км тирезаҳои манзилҳои зист шикаста, бештар аз ҳазор нақлиёти гирду атрофи макони ҳодиса зарар дидаанд. Мутахаассисон ва кормандони Хадамоти оташнишонӣ изҳор доштаанд,  баъд аз таркиши дар маҷмуъ 3-тонна тротил, дарҳол сӯхтор сар задааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёти оташнишонӣ низ дар ин анбор чанд таркиши дигар ба қайд гирифта шудааст. Бо вуҷуди хомӯш намудани қисми бештари оташ, то ҳанӯз дар бораи  20 корманди Хадамоти оташнишонӣ, ки баъди таркишҳои такрорӣ нопадид гардида буданд, маълумоте  дастрас  нагардидааст. Масъулини шаҳри  Тянтсзин дар мавриди дастгир шудани шахсони масъули анбор хабар додаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.