Раиси амалкунандаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар кори анҷумани навбатии 12-уми ҳизб, ки
рӯзи 15 сентябр баргузор мешавад,
иштирок намекунад.
Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Муҳиддин Кабирӣ ба вакилон тариқи намоиши он-лайн аз Истамбул дар бораи фаъолияташ ба сифати раиси ҳизб муддати 4 соли ахир ҳисобот хоҳад дод.
«Анҷуман дар Душанбе доир гардида, айни замон масъалаҳои марбут ба муайян кардани ҷойи баргузорӣ ва шумори вакилон дар он мавриди ҳаллу фасл қарор доранд», – гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, дар анҷуман ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ шунида шуда, ҳайати нави Шӯрои олии сиёсӣ, раиси ҳизб ва муовинони ӯ интихоб карда мешаванд.
Мутобиқи оинномаи ҳизб муддати ҳар чор сол раиси ҳизб интихоб карда мешавад, вале дар ҳамин ҳол, регламенти чанд маротиба довталабӣ кардани як номзад ба ин мансаб вуҷуд надорад.
Ёдрас мекунем, ки баъд аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар раҳсипор гардида, аллакай муддати беш аз 5 моҳ аст, ки асосан дар Туркия иқомат дорад.



