Эмомалӣ Раҳмон президенти Афғонистонро бо ҷашни асосии кишвараш табрик кард



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ  ба раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни фархундаи истирдоди истиқлоли ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ва Афғонистон тӯли садсолаҳо ҳамчун ҳамсоягони нек ва кишварҳои дорои равобити дерини дӯстона ва пайвандҳои маҳкам зиндагӣ доштанд ва чунин хоҳанд монд. «Мо ба ин суннати бузурги таърихӣ содиқем ва густаришу таҳкими равобит бо Афғонистонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар медонем», – баён мегардад дар барқия.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз раванди густариши равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст қаноатманд буда, бунёди сиёсиву ҳуқуқии равобит ва ҳамкории кишварҳо таҳким ва соҳаҳои ҳамкорӣ тавсеаи бештар меёбанд. «Мо бар онем, ки ҳарду ҷониб пайгирона соҳаҳо ва роҳҳои нав ба нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҷустуҷӯ ва мавриди истифода қарор диҳанд. Тоҷикистон, аз ҷониби худ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ин муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Зимнан зикр мегардад, ки дар марҳилаи имрӯзаи ҳассос ва сарнавиштсози Афғонистон, Тоҷикистон мисли пешин хоҳони таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор дар ин кишвари бародар буда, дар симои он як сарзамини осудаву мутараққиро диданист ва барои ин мақсад аз ҳеҷ кӯшише дареғ нахоҳад варзид.

spot_imgspot_img

Популярное