Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба сафҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шомил мешаванд.
Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари панҷ гурӯҳи фаъолони ҳизб ба шаҳрҳои бузурги Русия ва баргузории як силсила вохӯриҳо бо муҳоҷирони кории тоҷик садҳо тан аз онҳо хостори шомил шудан ба аъзогии ҳизбро изҳор доштаанд.
«Айни замон шумори умумии муҳоҷрони корие, ки ба сафҳои ҲХДТ пайвастанд, беш аз 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, – гуфт Солиев. – Мутобиқи қонунгузории Русия, аҳзоби сиёсии дигар кишварҳо ба таъсиси бахшҳои ҳизби худ дар қаламрави ин кишвар ҳуқуқ надоранд, аз ин рӯ, аъзои ҲХДТ, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, дар ташкилоти ҳизбии ноҳияи Синои пойтахт ба қайд гирифта мешаванд».



