Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба духтари худ Озода Раҳмон, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ордени Шараф дараҷаи I-ро тақдим намуд. Акси тақдими ин унвон аз ҷониби президент дар сомонаи сарвари давлат мунташир шудааст.
Озода Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 2013 ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекунад. Қаблан ӯ дар вазифаҳои муовини вазири корҳои хориҷӣ ва роҳбари Хадамоти консулгарии ВКД ҶТ фаъолият кардааст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, барои хизмати намунавии давлатӣ ва ҳарбӣ ва фаъолияти назарраси ҷамъиятӣ бо ордени Шараф қадрдонӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон
ба истиқболи солгарди 24-ум аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд.



