Дар вилояти Суғд ду ҷинояти куштор ошкор шуд



Санаи 1 сентябр зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 29-солаи сокини ноҳияи Ғончӣ барои содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда нимаи рӯзи 17 сентябр дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш марди 36-солаи сокини ноҳияи Истаравшанро бо ҳамсари 29-солааш ҳангоми алоқаи ҷинсӣ намудан дида, аз ҳиссиёти рашк ӯро бо ресмони алафбандии дар дасташ буда бӯғӣ карда ба ҳалокат расонидааст. Сипас, барои рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудаи худ, ҷасади ӯро ба кӯҳи надики деҳаашон бурда, дар зери дарахти арча гӯронидааст.

Гуфта мешавад, субҳи ҳамин рӯз ҷасади зани 46-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне захмҳои халандаю буранда дар қисмати қафаси синааш дарёфт гардидааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.

Зикр мегардад, ки тафтишот муайян намудааст, ки гумонбаршуда нимаи дуюми рӯзи 30 август дар ҳавлии истиқоматии зани марҳум ҳамчун меҳмон қарор дошта, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба аъзои бадани ӯ зада, номбурдаро ба ҳалокат расонидааст. Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное