HAI: Тоҷикистон барои нафақахӯрон кишвари на он қадр хуб аст

Дар рейтинги нави кишварҳо аз рӯи шароити беҳтари зиндагӣ барои шахсони пиронсол Тоҷикистон мақоми 58-умро касб кард. Созмони ғайридавлатии HelpAge International (HAI) бо дастгирии СММ як таҳқиқоте анҷом дода, тибқи натиҷаҳои он таҳти унвони Global AgeWatch Index 2015 рейтинги кишварҳо аз рӯи сифати зиндагӣ барои шахсони синни аз 60-соларо таҳия намуд. Рейтинг 96 кишвари саросари […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар рейтинги нави кишварҳо аз рӯи шароити беҳтари зиндагӣ барои шахсони пиронсол Тоҷикистон мақоми 58-умро касб кард.

Созмони ғайридавлатии HelpAge International (HAI) бо дастгирии СММ як таҳқиқоте анҷом дода, тибқи натиҷаҳои он таҳти унвони

Global AgeWatch Index 2015

рейтинги кишварҳо аз рӯи сифати зиндагӣ барои шахсони синни аз 60-соларо таҳия намуд. Рейтинг 96 кишвари саросари дунё ва таҳқиқот 90% аз шумори одамони пиронсоли ҷаҳонро фаро мегирад.

Имсол бо касби мақоми 58-ум Тоҷикистон нисбат ба

рейтинги

 соли гузаштаи HelpAge International мавқеъи худро се зина беҳтар кард.

Кишварҳои дорои шароити беҳтарини зиндагӣ барои шахсони пиронсол Швейтсария, Норвегия, Шветсия, Олмон ва Канада эътироф шудаанд. Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин Нидерланд, Исландия, Ҷопон, ИМА ва Британияи Кабир низ шомил гардидаанд.

Дар рейтинги мазкур Қирғизистон мақоми 51-ум, Русия – 65, Украина – 73, Гурҷистон – 29, Арманистон – 43, Литва – 63, Беларус – 64 ва Молдова зинаи 77-умро ишғол намудаанд. Натиҷаи беҳтаринро миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ Эстония соҳиб шудааст, ки дар зинаи 23-юм қарор дорад. Мақоми охирини 96-умро Афғонистон ишғол мекунад.

Мутахассисони HelpAge International маълумоти омории Бонки ҷаҳонӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони байнулмилалии меҳнат ва UNESCO-ро мавриди омӯзишу таҳлил қарор додаанд.

Зимни таҳияи рейтинг 13 нишондиҳанда, аз ҷумла миқдори муроҷиатҳо ба муассисаҳои тиббӣ, шароитҳои зиндагӣ, маориф, шумори коркунандагон ва фаъолнокии иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.