Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Таркиши мудҳиш ва сӯхтори бузург дар Ӯзбекистон - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Таркиши мудҳиш ва сӯхтори бузург дар Ӯзбекистон

ASIA-Plus



Тақрибан соатҳои 9-и шоми рӯзи 24 август дар нуқтаи фурӯши гази «Роҳат» дар наздикии Тошканд таркиши мудҳише рух дода, дар пайи он сӯхтори бузурге сар зад, ки нуқтаи фурӯши газро нобуд сохт. Дар ин бора хадамоти ӯзбекии


Ca-News


иттилоъ медиҳад.

Бино ба маълумоти ВАО-и Ӯзбекистон, алангаҳои сӯхтор аз аксари ноҳияҳои пойтахти Ӯзбекистон ҳам ба назар намоён будааст. Ин нуқтаи фурӯши газ дар роҳи мошингарди Тошканд – Алмалиқ, 5 километрии пойтахти Ӯзбекистон воқеъ буда, шоҳидони ҳодиса изҳор кардаанд, ки сӯхтор муддати 2 соат давом доштааст.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки бар асари сӯхтор талафоти ҷонӣ низ мавҷуд буда, аксари осебдидагон ба бемористони 16-уми шаҳр мунтақил шудаанд. Корбари шабакаи иҷтимоӣ Шарип Сапаев шоми рӯзи 24 август дар видеохостинги Youtube навори видеоӣ бо сабти сӯхтор дар нуқтаи фурӯши гази «Роҳат»-ро гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории 12news.uz бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки «бар асари таркиш дар лӯлаи газ дар ҷойи беодам, сӯхтор ба амал омада, аз ин ҳодиса ҳеҷ касе осеб надидааст». Хабаргузорӣ ҳамчунин таркиш дар нуқтаи фурӯши газ ва ҳалокшудагон бар асари онро рад мекунад.

МЕДИА (Youtube Embed)