Э.Раҳмон тоҷикистониёнро ба ҳушёр будан дар вазъи мушкили ҳозира даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз аҳолии мамлакат даъват кард, ки дар дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронии имрӯза дар маросими ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як тоҷикистонӣ даъват кард, ки […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз аҳолии мамлакат даъват кард, ки дар дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронии имрӯза дар маросими ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як тоҷикистонӣ даъват кард, ки зирак буда, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагарданд.

Президент бар ин назар аст, ки дар чунин замони мушкил ҳар як шаҳрванди кишвар бояд манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорад.

«Мо бояд сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем», – таъкид дошт сарвари давлат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.