Президент мардумро бо Иди Қурбон табрик карда, ба худдорӣ аз исрофкорӣ даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии иди саиди Қурбон табрик намуд. Дар паёми телевизионӣ ба муносибати Иди Қурбон , сарвари давлат қайд кард, ки ин ид аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии иди саиди Қурбон табрик намуд.

Дар

паёми телевизионӣ ба муносибати Иди Қурбон

, сарвари давлат қайд кард, ки ин ид аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди мусулмон ниҳоли меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар решадор месозад. 

«Ҷавҳари асосии Иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд», – иброз медорад президенти мамлакат.

Сарвари давлат ба масъалаи сарфаи воситаҳои буҷети оилавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз тоҷикистониён даъват ба амал овард, ки аз исрофкорӣ худдорӣ варзанд ва дар хароҷот ба меъёрҳо риоя намоянд.

«Бузургони мо дар ин бора панду андарзҳои зиёде гуфта, исрофкориро мазаммат намудаанд. Масалан, Унсурмаолии Кайковус дар «Қобуснома» таъкид менамояд, ки «харҷ ба андозаи дахл бояд бошад, то ниёзманд набошӣ», яъне қаноат пеша кардан ва дороии худро барои беҳбудии оилаи худ сарф кардан асоси пешравӣ ва баланд гардидани дараҷаи зиндагии ҳар сокини кишвар мебошад», – мисол овард президент дар ин робита.

Ӯ дар ин рӯзи муборак бо шукргузорӣ аз амну амонии мамлакат ва давлату давлатдории миллӣ бо нияти саодату некбахтии ҳар як сокини Тоҷикистони азиз орзу намуд, ки бигзор ин сарзамини сарсабзу ободи кишвар ва мардуми шарифу сарбаланди он аз ҳама газанду офатҳо дар амон бошанд.

«Фарорасии Иди саиди қурбонро бори дигар ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамон табрик гуфта, бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ ва саодати рӯзгор мехоҳам», – зикр мегардад дар паёми телевизонӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.