Дар шаҳри Чеджуи Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 22 сентябр конфронси 25-уми роҳбарони мақомоти зидди маводи нашъаовар оид ба таҳкими ҳамкории байнулмилалӣ (ADLOMICO) ба кор шурӯъ кард, ки дар он намояндагони мақомоти зидди маводи нашъаовари 27 кишвари саросари дунё ва 8 созмони байнулмилалӣ иштирок мекунанд. Конфронс рӯзи 24 сентябр ба итмом мерасад.
Сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими ифтитоҳи конфронс директори АНМН генерал-лейтенант Рустам Назарзода суханронӣ намуда, сипас дар ҳузури иштирокчиёни он миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти ҳамкорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккилона ба имзо расид.
Ҳамин рӯз ҳамчунин зимни мулоқоти Р.Назарзода бо прокурори генералии Ҷумҳурии Корея ва роҳбари департамент оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккилонаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи онҳо баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон, тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар ва рушди ҳамкории байнулмилалӣ дар ин самт ба ҳозирин муаррифӣ гардид, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди иштирокдорони конфронс шуд.


