Дар ҳошияи нишасти СММ оид ба рушди устувор дар Ню-Йорк таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Таиланд Ниваттхумронга Бунсонгпайсан рӯзи 27 сентябр чорабинии сатҳи баланд доир мегардад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба
Радиои СММ
ҳамоҳангсози домии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин чорабинӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи об, мушкилоти истифодаи об, маҷроҳои фаромарзии об ва дигар паҳлӯҳои масъалаҳои марбут ба об бахшида хоҳад шуд. «Дар ин самт (дар масоили ҳамкорӣ дар соҳаи об) Тоҷикистон кишвари пешсафи эътирофшуда аст», – иброз доштааст Зуев.
Номбурда таъкид доштааст, ки моҳи июн дар Душанбе ҳамроҳ бо Дабири кулли СММ конфронси бузурги сатҳи баланд баргузор шуд, ки дар кори он бисёре аз сарони кишварҳо, вазирон, роҳбарони воҳидҳои СММ – маъмури БРСММ Хелен Кларк, котибони иҷроияи ЭСКАТО ва ЕЭК СММ, чанде аз нахуствазирони кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон – Афғонистону Қирғизистон ва дигарон ҳузур доштанд.
Ба қавли Зуев, Тоҷикистон маъмулан аз ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкорӣ дар бахши об пуштибонӣ намуда, дар ин самт бо ташаббусҳои зиёд ва лоиҳаҳои қатъномаҳои Ассамблеяи генералии СММ оид ба ин масъалаҳо ибрози назар кардааст.
«Мо мутмаинем, ки Тоҷикистон ба ин амалҳо идома дода, СММ ва кишварҳои узви он ва аз ҳама муҳимаш, ҳамаи шарикони кишвар дар доираи ташкили истифодаи пурсамари об ва ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об ба ин иқдомҳо баҳои арзанда медиҳанд», – қайд кардааст ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон.


