Дастури вазири мудофиа бобати ба хизмат даъват шудани ҷавонони солим ва босавод

Date:



Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рӯзи 22 сентябр дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ машваратӣ корӣ доир намуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ (1 октябр) ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ баррасӣ шуданд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вазир ба ҳозирин оид ба ташкили даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ қатъиян дар доираи қонунгузории кишвар супоришҳои мушаххас дод.

«Ба комиссарони ҳарбии минтақаҳо дастур дода шуд, ки қабули шаҳрвандонро ба роҳ монанд, то ки оид ба масъалаҳое, ки ҳаллашон дар маҳал имконпазир аст, волидони даъватшавандагон ба сохторҳои ҷумҳуриявӣ муроҷиат накунанд», – гуфт Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, вазири мудофиа таъкид доштааст, ки шумори даъватшавандагон ба сафҳои артиши миллӣ чандин маротиба аз талаботи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зиёдтар аст ва ин имкон медиҳад, ки ба сафҳои артиш бештар ҷавонони солим ва босавод даъват карда шаванд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 22 сентябр дар маҷлисгоҳи Вазорати мудофиа муовини нахуствазири кишвар, роҳбари комиссияи ҷумҳуриявии ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаи муштараки намояндагони сохторҳои қудратӣ ва Вазорати тандурустиро баргузор намудааст.

Дар ин машварат зикр гардидааст, ки дар маъракаҳои пешини даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳолатҳои ба қадри кофӣ омӯхта нашудани шахсияти даъватшавандагони ҷудогона, муоинаи носаҳеҳи тиббии онҳо ва содир шудани ҷиноятҳои коррусионӣ дар ин самт ба мушоҳида расидаанд.

Муовини нахуствазир ба иштирокдорони ҷаласа оид ба ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...