Кушта шудани қочоқбари навбатии афғон дар марз

Date:



Шаби 22 ба 23 сентябри соли равон дар асоси маълумоти фаврӣ дар яке аз дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии Шаҳритус кормандони Гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон, дар хатти асосии иншооти муҳандисии қитъаи сарҳадии  Тоҷикистону Афғонистон амалиёти махсус гузарониданд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, дар вақти убури ғайриқонунии хатти сарҳад  миёни қочоқчиён, ки аз 4-5 нафар иборат буданд ва сарҳадбонони тоҷик задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа чанд нафар қочоқчиён захмдор ва як нафари онҳо  кушта мешавад ва боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ба тарафи Афғонистон баргаштаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади қочоқчии 40-45 солаи афғон Ҷаббор Валади Оқил, сокини деҳаи Қулӯхтепаи вулусволии Қалайзори вилояти Қундуз, як адад милтиқи шикории думиллаи 16 мл  бо тирҳояш, 2 адад норинҷаки дастаи тамғаи  РГД-5 ва зиёда аз 16 кг маводи мухаддир дарёфт шуда, баъдан ҷасад расман ба намояндагони сарҳадии Афғонистон супорида шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...