Барои сохтмони манзил Олмон ба Тоҷикистон 8 млн. евро кумак мекунад

Date:



Ҳукумати Олмон барои амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони манзил» ба Тоҷикистон ба маблағи 8 млн. евро воситаҳои грантӣ ҷудо мекунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, созишномаи мазкур рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

«Дар натиҷаи татбиқи ин барнома дастрасии аҳолии деҳот ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус дар самти дастрасии қарзҳо барои беҳтар намудани шароити зист дар деҳот беҳтар карда мешавад», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар доираи Барномаи рушди маблағгузории хурд дар деҳот марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмони манзил татбиқ карда мешавад, ки барои он қаблан 8,0 млн. евро ҷудо гардида буд.

Ғайр аз ин зикр мегардад, ки ҳамин рӯз маросими имзои Шартномаи иловагӣ ба Созишномаи молиявӣ ҷиҳати барномаи мубориза алайҳи бемории сил (марҳилаи чорум) ба маблағи 213,4 ҳаз. евро баргузор гардида, дар натиҷаи татбиқи ин барнома пешбинӣ мегардад, ки беморхонаҳои касалиҳои сили ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ таҷдид карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳукумати Олмон дар доираи Барномаи мубориза алайҳи бемории сил 19,1 млн. евро ҷудо карда буд, ки он барои такмил ва таҷҳизонидани Беморхонаи ҷумҳуриявии бемории сили «Мачитон» равона гардида, маблағҳои иловагӣ барои зиёд кардани буҷети умумӣ аз рӯи ин лоиҳа нигаронида шудааст.

Шартномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Аврупои Ҷанубӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ (KFW) хонум Ева Витт имзо намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...