Адвокат: Аъзои боздоштшудаи ҲНИТ робита доштан ба ошӯбро рад мекунанд

Бузургмеҳр Ёров, адвокати аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  изҳор намуд, ки дар хонаи фаъолони ҳизб кофтуковҳо гузаронида шуда, «дар ҷараёни он таҷҳизоти тарканда дарёфт мегардад». Ҳамин тариқ, ба қавли вай, дар ин хусус ба ӯ аллакай роҳбарони бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Фархору Варзоб ва шаҳри Душанбе занг задаанд. «Ҳасан Раҳимов, бародари роҳбари бахши ҲНИТ […]

ASIA-Plus



Бузургмеҳр Ёров, адвокати аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  изҳор намуд, ки дар хонаи фаъолони ҳизб кофтуковҳо гузаронида шуда, «дар ҷараёни он таҷҳизоти тарканда дарёфт мегардад».

Ҳамин тариқ, ба қавли вай, дар ин хусус ба ӯ аллакай роҳбарони бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Фархору Варзоб ва шаҳри Душанбе занг задаанд.

«Ҳасан Раҳимов, бародари роҳбари бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархор мегӯяд, чанде қабл дар хонаи онҳо кофтуков гузаронида, дафъаи аввал чизе наёфтаанд ва дафъаи дуюм омада, гӯё таҷҳизоти тарканда ва граната ёфтаанд. Ҳамсари аъзои ҲНИТ дар Варзоб занг зада, иброз дошт, ки зимни кофтуков дар ошхонаи онҳо граната дарёфт намудаанд. Ӯ бо тааҷҷуб мегӯяд, ки агар дар хона воқеъан ҳам граната нигоҳ дошта мешуд, яқинан, ки онро на дар ошхона, балки дар ҷойи бехатаре пинҳон карда ё зери замин мегӯрониданд», – ҳикоят кард Б.Ёров.

Адвокат хабар дод, ки ӯ Кумитаи пешгирӣ аз боздошт ва ҳабси ғайриқонунии амволи фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ-ро таъсис додааст. Кумитаи мазкур бо дархости хаттии хешону наздикони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, онҳоро бо адвокатҳо таъмин мекунад.

Ӯ қайд кард, ки беш аз 13 нафар аъзои ҲНИТ боздошт шуда, вале маълумоти саҳеҳ дар ин бора дар даст надорад.

«Айни замон Прокуратураи генералӣ нисбати онҳо танҳо бо моддаи 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбнома пешниҳод намудааст, ки дар он ҷазои аз 15 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ё бидуни он пешбинӣ мешавад. Дар ҷараёни тафтишот илова шудани дигар моддаҳои ҷиноӣ низ аз эҳтимол дур нест», –  зикр кард адвокат.

Ба гуфтаи ӯ, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ зимни боздошт мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. «Аз нақли ӯ бармеояд, ки чанд соати аввали боздошт дар Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона муносибат бо ӯ хуб буда, бо шарти изҳорот дар телевизион оид ба хориҷ шудан аз ҳизб ва ғайриқонунӣ эълон намудани фаъолияти он, ба ӯ аз муовини раиси ноҳия то вазир мансаб ваъда додаанд, вале баъди посухи рад гирифтан, кормандони мақомот ба сари ӯ халта андохта, мавриди латукӯб қарор додаанд ва сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ овардаанд», – гуфт Ёров ва таъкид дошт, ки дигар аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аз рафтори бераҳмона шикоят надошта, ҳамаашон робита доштанашон ба ошӯби генерал Назарзодаро рад кардаанд.

Айни замон Ёров бо дархости мусоидат ба озод кардани ягона зани бозоштшуд аз аъзои ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ бо баёноти тарк накардани маҳалли зист ба Кумитаи кор бо оила ва занон мактуб омода мекунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан

зимни рӯбарӯкунии муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит

бо узви гурӯҳи генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода ӯ тамоми айбномаҳо нисбати худро рад намуда буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 16 сентябр 13 нафар аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Душанбе боздошт шуда, айни замон дар тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и КДАМ қарор доранд. Прокуратураи генералӣ ҲНИТ-ро ба ҳамкорӣ бо генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода ва раиси ҲНИТ-ро ба раҳбарӣ дар тамоми ошӯб муттаҳам кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.