Грантҳои раиси Хуҷанд ба 15 нафар бонувони ҳунарманд

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи шаҳри Хуҷанд 15 нафар бонувони ҳунарманд соҳиби гранти раиси шаҳр гаштанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, соли дуюм аст, ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии духтарону бонувони ҳунарманд озмун барои гирифтани гранти раиси шаҳри Хуҷанд эълон мегардад. Имсол низ барои 5 нафар занони адрасу […]

ASIA-Plus



Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи шаҳри Хуҷанд 15 нафар бонувони ҳунарманд соҳиби гранти раиси шаҳр гаштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, соли дуюм аст, ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии духтарону бонувони ҳунарманд озмун барои гирифтани гранти раиси шаҳри Хуҷанд эълон мегардад.

Имсол низ барои 5 нафар занони адрасу атласбоф, заргару гулпарварва ва ҳунари кафшергар 5 ҳазор сомонӣ, барои 5 нафар сӯзанидӯзу қолинбоф 3 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин 5 нафар дӯзандаю кешбоф ва йӯрмадӯзу қуроқдӯз 3 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ дар ҳузури иштирокдорони ин ҳамоиш ба бонувони ҳунарманд диплом ва маблағҳои грантиро бо тантана супориданд.

Гуфта мешавад, маблағи умумии гранти раиси шаҳр 50 ҳазор сомонӣ буда он аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.