Э.Раҳмон мардуми Чинро бо 66-умин солгарди таъсиси давлаташон табрик кард

Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 66-умин солгарди ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин ба раиси ин кишвар Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад: «Муҳтарам ҷаноби Раис, Барои ман боиси қаноатмандии бузург аст, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикоти самимӣ […]

ASIA-Plus



Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 66-умин солгарди ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин ба раиси ин кишвар Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад: «Муҳтарам ҷаноби Раис, Барои ман боиси қаноатмандии бузург аст, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини хешро дар иртибот ба 66-умин солгарди ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин баён дорам».

Дар барқия сарвари давлати Тоҷикистон зикр мекунад, ки дар даҳсолаи охир Чин дар кори дигаргунсозии куллӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки бо шарофати он Чин дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро касб кард.

«Мо ба сатҳи кунунии ҳамкории мутақобилан судманди бисёрҷонибаи стратегӣ бо Чин, ки дар солҳои охир барои тавсеа ва тақвияти минбаъда ҷараёни муқтадир гирифт,  баҳои баланд медиҳем. Бовар дорам он ҳуҷҷатҳое, ки мо дар ҷараёни сафари кории чанде пеш ба кишвари зебои Шумо анҷомдода ба имзо расонидем ва кӯшишҳои қобили қабули ҷонибҳо ба рушди муътадили ҳамкории мутақобилаи бисёрҷанба ҷараёни нав мебахшанд», – омадааст дар барқия.

Ҳамчунин изҳори бовар мешавад, ки бо кӯшишҳои муштарак кишварҳо ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин, ки ба манфиати аслии мардумони ин давлатҳо ҷавобгӯянд ва омили муҳими сулҳу субот дар минтақа маҳсуб мешаванд, ҷараёну инкишофи тоза бубахшанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио