Тааҷҷуби Freedom House аз хомӯшии ИМА нисбати таъқиби аъзои ҲНИТ

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар робита ба аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хомӯшӣ ихтиёр кардани ИМА дар ин маврид нигаронӣ изҳор кард. Дар ин созмон таъқиби аъзои ҲНИТ-ро «муҷозоти ҳарифони сиёсӣ» мешуморанд. Дар изҳороти рӯзи чоршанбе интишоршудаи Freedom House қайд мешавад, ки ҳукумати […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар робита ба аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хомӯшӣ ихтиёр кардани ИМА дар ин маврид нигаронӣ изҳор кард.


Дар ин созмон таъқиби аъзои ҲНИТ-ро «муҷозоти ҳарифони сиёсӣ» мешуморанд.

Дар

изҳороти

рӯзи чоршанбе интишоршудаи Freedom House қайд мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон раҳбарияти олии ҲНИТ-ро ба ҳабс гирифта, раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ маҷбур аст, ки дар ғурбат зиндагӣ кунад.

Ноиби президенти Freedom House Даниэл Калингерт изҳор доштааст, ки ҳукумат ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон намуда, аъзои онро, ки шуморашон 40 ҳазор нафар дониста мешавад, мавриди таъқиб қарор додааст. «Ҳукумати ИМА бо хадамоти амнияти Тоҷикистон робитаи зич дошта, аз соли 2007 ба онҳо танҳо барои мубориза бо маводи мухаддир беш аз 127 млн. доллари ИМА ҷудо кардааст. Бисёре аз дастраскунандагони ин кумакҳо имрӯз аъзои ҲНИТ-ро шикор мекунанд», – гуфтааст ӯ.

Ноиби президенти Freedom House хомӯшии ИМА нисбати таъқиби аъзои ҲНИТ-ро «падидаи шармовар» арзёбӣ кардааст.

Дар изҳороти Freedom House таъкид мешавад, ки рӯзи 29 сентябр Суди олии Тоҷикистон ҳизби бузургтарини мухолифи кишвар – ҲНИТ-ро «созмони террористӣ» эълон кард. Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз моҳи августи соли равон бар асоси «айбномаҳои бардурӯғ» фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон манъ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 сентябри соли равон Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокурори генералии кишварро

дар бораи террористӣ эътироф кардани

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қонеъ намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио