Ҳукми 17 соли зиндон ба тоҷики 22-сола барои қатли модару ҳамзисти дӯстдоштааш

Дар шаҳри Маскав шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон барои куштори ду нафар ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти прокуратураи Маскав , шаҳрванди 22-солаи бекори Тоҷикистон Суҳробҷон Яъқубов ҳамроҳи духтари 16-солаи маскавӣ дар гузарогоҳи Наполнаяи ин шаҳр зиндагӣ мекардааст. «Рӯзи 1 марти соли 2015 дар заминаи муносибатҳои нохуб бо модар ва ҳамзисти духтар, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Маскав шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон барои куштори ду нафар ба 17 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти

прокуратураи Маскав

, шаҳрванди 22-солаи бекори Тоҷикистон Суҳробҷон Яъқубов ҳамроҳи духтари 16-солаи маскавӣ дар гузарогоҳи Наполнаяи ин шаҳр зиндагӣ мекардааст.

«Рӯзи 1 марти соли 2015 дар заминаи муносибатҳои нохуб бо модар ва ҳамзисти духтар, ки онҳо низ дар ҳамин манзил иқомат доштаанд, муноқишаи навбатӣ рух дода, ӯ зану мардро нахуст лату кӯб ва сипас бо корд ба онҳо зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдидагон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, Суҳробҷон Яъқубов базудӣ дастгир шуда, суди шаҳри Маскав  ӯро ба 17 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио