Ҷамъоварии беш аз 128,5 ҳазор тонна ҳосили пахта дар Тоҷикистон

Шурӯъ аз оғози маъракаи ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 128,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 32% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Тавре аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, кишоварзон ҳамарӯза қариб 4,2 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, айни замон дар майдони кишти пахтаи ҷумҳурӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Шурӯъ аз оғози маъракаи ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 128,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 32% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, кишоварзон ҳамарӯза қариб 4,2 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, айни замон дар майдони кишти пахтаи ҷумҳурӣ беш аз 120 ҳазор нафар машғули ғунучини ҳосиланд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар вилояти Хатлон – зиёда аз 98,1 ҳазор тонна, вилояти Суғд – беш аз 30 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи марказ – зиёда аз 1,2 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Дар маълумоти Вазорати кишоварзӣ таъкид мешавад, ки имсол то охири мавсим дар маҷмӯъ ҷамъоварии ҳудуди 399 ҳазор тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шудааст. Имсол пунбадона дар майдони ҳудуди 180 ҳазор гектар кишт шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дар саросари кишвар дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио