Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон ҳанӯз то замони ҳабси адвокат Бузургмеҳр Ёров рӯзи 14 август дар бораи узви ин коллегия набудани Ёров маълумот интишор намуда буд.
Ҳамин тавр, тибқи маълумоти раҳбарияти Коллегия адвокатҳои Тоҷикистон, ҳанӯз 11 августи соли 2007 бо қарори президиуми ин ташкилот Бузургмеҳр Ёров аз ҳайати Коллегия хориҷ карда шудааст.
Дар Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон гуфтанд, замони боздошти Бузургмеҳр Ёров, санаи 27 сентябр ба гумони қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо, ӯ адвокати Иттиҳодияи ҷамъиятии коллегияи адвокатҳои «Сипар» буд.
Дар ҳамин ҳол, аз замони боздошт то имрӯз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар чанде аз маълумотҳои интишоркардаи худ аз адвокат ба сифати узви Коллегияи адвокатҳои ҷумҳурӣ ном мебарад.



