Бародари Муҳиддин Кабирӣ: Барои аз ҲНИТ рафтанам пушаймон нестам

Сафар Кабиров, бародари калонии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ аст, дар мусоҳиба ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз 1 октябри соли равон изҳор намудааст, ки барои аз ҲНИТ рафтанаш пушаймон нест. С.Кабиров амали генерал Назарзодаро «хиёнат» номида, савол додааст: «Чӣ хел хиёнат набошад? Ин хиёнат аст! Чӣ гуна […]

ASIA-Plus



Сафар Кабиров, бародари калонии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ аст, дар мусоҳиба ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз 1 октябри соли равон изҳор намудааст, ки барои аз ҲНИТ рафтанаш пушаймон нест.

С.Кабиров амали генерал Назарзодаро «хиёнат» номида, савол додааст: «Чӣ хел хиёнат набошад? Ин хиёнат аст! Чӣ гуна инсон метавонад дар сурате ки ҳама чизаш муҳайё бошад, вазифаи баландро барояш боварӣ карданд, боз ба чунин кор даст занад?».

Дар посух ба саволи журналист дар бораи чӣ нарасидан ба бародараш Муҳиддин Кабирӣ, ӯ изҳор доштааст:» Ман бовар дорам, ки фарзандони падари ман набояд хиёнаткор бошанд. Агар фарзанди падари ман хиёнат кунад, Худо ҷазояшро диҳад. Мо аз хиёнаткор даст мекашем. Падари ман марди деҳқон аст, ризқашро аз замин меёбад. Аз чунин падар фарзанди хиёнаткор ба дунё намеояд».

Дар идома бародари Муҳиддин Кабирӣ зикр кардааст, ки ӯ ҳанӯз ҳам бовар дорад, ки Муҳиддин Кабирӣ хиёнат накардааст. «Мо бояд бо ҳам бошем, ватанамонро обод кунем. Барои мо ягон бегона омада, ватанамонро обод намекунад», – гуфтааст ӯ.

С.Кабиров ҳамчунин изҳор намудааст, ки қаблан аъзои ҲНИТ буда, акнун барои ободии диёр сафҳои онро тарк кардааст. «Агар имрӯз Ҳизби наҳзат барои Тоҷикистон зараровар бошад, мувофиқи қонун банданд», – гуфтааст номбурда.

Дар робита ба чӣ гуна аз оилаи ба дин он қадр мустақиман иртиботнадошта то ба мансаби раиси ҳизби динӣ расидани бародараш Муҳиддин Кабирӣ, ӯ зикр кардааст, ки ҳамааш «аз тақдир» аст.

Бародари раиси ҲНИТ қайд кардааст, ки ҳеҷ гоҳ аз Муҳиддин Кабирӣ кумаки пулӣ нагирифтааст. «Ба ман кумак чӣ лозим? Ман мӯҳтоҷ нестам. Баръакс, соли 1987, вақте донишҷӯй буду ба Яман мерафт, ман барои харидани мошин 5 ҳазор сӯм пул ҷамъ карда будам, онро ба ӯ додам, ки роҳпулӣ кунаду хонад. (Муҳиддин Кабирӣ донишҷӯйи факултаи шарқшиносӣ буд)», – иброз доштаст  Сафар Кабиров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.