Нигаронии СММ аз хатари афзояндаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон «аз хатари афзояндаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» нигаронӣ изҳор мекунад. Ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқи СММ, ин хатарҳо ба ҳабси аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон марбутанд. «Суди олии Тоҷикистон бо қарори худ аз 29 сентябр фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуда, онро ба рӯйхати созмонҳои «ифротгаро ва террористӣ» шомил […]

ASIA-Plus



Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон «аз хатари афзояндаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» нигаронӣ изҳор мекунад.

Ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқи СММ, ин хатарҳо ба ҳабси аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон марбутанд.

«Суди олии Тоҷикистон бо қарори худ аз 29 сентябр фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуда, онро ба рӯйхати созмонҳои «ифротгаро ва террористӣ» шомил кард. Қаблан санаи 17 сентябр намояндагони Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки якчанд аъзои ҲНИТ дар доираи тадбирҳо барои пешгирии амалҳои терористӣ ба ҳабс гирифта шуданд», – қайд кардааст намояндаи Раёсати мазкур Равина Шамдасани зимни брифинг дар Женева.

Ӯ таъкид доштааст, ки ҳукуматдорон аъзои ҲНИТ-ро ба содир кардани ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи милиса муттаҳам карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 39 нафар, аз ҷумла 14 корманди мақомоти милиса ба ҳалокат расиданд.

Раёсати ҳуқуқи башари СММ ҳукумати Тоҷикистонро ба таъмини риояи ҳуқуқи байнулмилалӣ дар ҷараёни мубориза бо «терроризм» ва «ифротгароӣ» даъват кард.

Дар Раёсат хотиррасон намудаанд, ки шароити нигаҳдории айбдоршавандагон бояд ба талабот ва меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқат дошта бошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.