Даъвати 6 созмони байнулмилалӣ оид ба озод кардани Б.Ёров

– Шаш созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ изҳор доштаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран адвокати ҳабсшуда Бузургмеҳр Ёровро озод кунад ё ба ӯ айбномаҳои асоснок пешниҳод намояд, – гуфта мешавад дар изҳороти имрӯз, 7 октябр интишоршудаи созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch. Изҳороти мазкур аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ чун Amnesty International, Paris Bar, Ассотсиатсияи […]

ASIA-Plus



– Шаш созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ изҳор доштаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран адвокати ҳабсшуда Бузургмеҳр Ёровро озод кунад ё ба ӯ айбномаҳои асоснок пешниҳод намояд, – гуфта мешавад дар


изҳороти


имрӯз, 7 октябр интишоршудаи созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch.

Изҳороти мазкур аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ чун Amnesty International, Paris Bar, Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Human Rights Watch, International Partnership for Human Rights (IPHR) ва Norwegian Helsinki Committee имзо шудааст.

Қайд мешавад, ки Б.Ёров рӯзи 28 сентябр аз рӯи «айбномаҳои сохта» барои қасос аз розӣ шуданаш ба ҳимояи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуд. Ҳукуматдорон ӯро ба қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо мутттаҳам карданд. То замони ҳабсаш Ёров ба журналистон иттилоъ дод, ки мизоҷи ӯ – муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ баъди ҳабс аз ҷониби кормандони милиса мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Дар изҳорот ҳамчунин таъкид мешавад, ки моҳи августи соли равон ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро манъ кард.

Президенти Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Надежда Атаева қайд кардааст, ки ҳабси яке аз адвокатҳои маъруф бо ангезаҳои сиёсӣ бозгӯи бадшавии сатҳи вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран Ёровро озод кунад ё дастрасии ӯ ба адвокат ё оилаи ӯро таъмин созад.

Дар изҳорот хотиррасон мешавад, ки 13 январ суди шаҳри Душанбе адвокати маъруф Шуҳрат Қудратов ва қаблан соли 2014 боз як адвокати шинохта Фахриддин Зокировро маҳкум намуд. Ҳамчунин зикр мегардад, ки пештар ба адвокат Файзинисо Воҳидова низ фишор оварда мешуд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байнулмилалӣ даъват кардаанд, ки ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд, то ки барои роҳандозии фаъолияти адвокатӣ дар ҷумҳурӣ шароити муътадил таъмин карда шавад.

«Шарикони байнулмилалӣ ҳамчунин бояд талаб намоянд, ки Тоҷикистон уҳдадориҳои байнулмилалии худ оид ба эҳтироми иттиҳодияҳову маҷлис ва изҳори андешаро риоя кунад», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.