Нозирони Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус

Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷиҳати иштирок ба сифати нозирон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус, ки ба санаи 11 октябр таъин шудааст, субҳи имрӯз ба шаҳри Минск раҳсипор шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, аз Тоҷикистон ба ин маърака ба сифати нозирон аз миссияи […]

Аваз Юлдошев



Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷиҳати иштирок ба сифати нозирон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус, ки ба санаи 11 октябр таъин шудааст, субҳи имрӯз ба шаҳри Минск раҳсипор шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, аз Тоҷикистон ба ин маърака ба сифати нозирон аз миссияи Кумитаи иҷроияи ИДМ муовини раиси КМИР Саидбой Зокиров ва роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додозода шомил гардидаанд.

Ғайр аз ин, рӯзи 9 октябр вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Нурулло Оқилзода ва муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода низ ба сифати нозирон аз Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи президенти Беларус ба Минск мераванд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Беларус, рӯзи сешанбе, 6 октябр овоздиҳии пешакӣ дар маъракаи интихоботи президенти Беларус оғоз гардидааст, ки то 10 октябр идома меёбад.

Маъракаи интихоботи президенти Беларус рӯзи якшанбе, 11 октябр доир мегардад. Президенти амалкунандаи ин кишвар Александр Лукашенко, намояндаи ширкати «Говори правду» Татяна Короткевич, Атамани олии «Белорусское казачество» Николай Улахович ва раиси Ҳизби либералӣ-демократии Беларус Сергей Гайдукевич ба сифати номзадҳо ба мансаби президентӣ сабти ном шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.