Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи тоҷик ва падари адвокати боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз ӯ дархост кардааст, ки ба такрори воқеаҳои соли 1937, замони таъқибу муҷозоти Сталин роҳ дода нашавад.
Дар муроҷиати нависанда, ки нусхааш ба Прокуратураи генералӣ низ ирсол шудааст, қайд мешавад, ки рӯзи 2 октябр 7 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ барои кофтуков ба бӯстонсаро (дача)-и ӯ омада, изҳор доштаанд, ки ин кофтуков дар доираи тафтишот оид ба парвандаи писараш Бузургмеҳр Ёров гузаронида мешавад, вале санади иҷозати кофтуковро пешниҳод накардаанд.
Ба навиштаи ӯ, кормандони ВКД тамоми бӯстонсароро кофтуков намуда, вале ягон ҳуҷҷати мутааллиқ ба Бузургмеҳр Ёровро наёфтаанд ва танҳо шиносномаи техникии бӯстонсароро бо худ бурдаанд.
Нависанда изҳор доштааст, ки ӯ бӯстонсароро соли 1987 харида, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи он дар дасти роҳбари маҳаллаи бӯстонсароҳо аст. «Бидуни иҷозати мақомот ба бӯстонсарои ман ворид шудани кормандони милиса ва бо худ бурдани ҳуҷҷатҳои онро нақзи қонун ва таҳқир барои худ мешуморам. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоед, боз ба ҷои тоқӣ сарро набаранд. Воқеаҳои нангини соли 1937 такрор нашавад», – омадааст дар мактуби Равшани Ёрмуҳаммад.
Р.Ёрмуҳаммад ҳамчунин зикр кардааст, ки ӯ ҷановари интернатсионалист буда, аз соли 1975 то соли 1986 се маротиба дар Афғонистон кор карда, давоми солҳои 1982 то соли 1986 ба ҳайси котиби дуюми сафоратхонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон фаъолият кардааст ва барои кораш бидуни камбудиҳо ба ӯ ду маротиба автомашина туҳфа кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки адвокат Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябр ба гумони қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби кормнадони ВКД Тоҷикистон боздошт шуд. Дар ҳамин ҳол, хешону наздикони адвокат мегӯянд, агар ӯ аз ҳимояи аъзои фаъоли боздоштшудаи ҲНИТ даст мекашид, дар озодӣ мемонд.



