Шурӯъ аз оғози соли равон 12 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон аз қаламрави ин вилоят ихроҷ шуданд.
Маҳмудҷон Хоркашев, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ 19 адад ҳолати риоя нашудани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон ошкор ва нисбати қонуншиканон санадҳо таҳия гардида, онҳо дар ҳаҷми умумии 14,4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. «Бар асоси қарори судҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сарбанд 12 нафари онҳо аз қаламрави кишвар хориҷ карда шуданд», – гуфт номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра Раёсати муҳоҷирати вилоят ба 351 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 276 нафар шаҳрвандони Чин, 44 нафар шаҳрвандони Туркия, 5 нафар шаҳрвандони Афғонистон, 18 нафар шаҳрвандони Эрон, 2 нафарӣ шаҳрвандони Русия, ИМА ва Олмон ва ҳамчунин 1 нафарӣ шаҳрвандон аз Филипин ва Молдова иҷозатнома барои кор додааст.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар вилояти Хатлон 43 субъект ба ҷалби муҳоҷирони кории хориҷӣ иҷозатнома дошта, имрӯз дар ин субъектҳо 1 ҳазору 55 нафар шаҳрвандони хориҷӣ машғули коранд, ки 36 нафарашон занон мебошанд.



