Даргузашти Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳабиба Каримова

Шоми дирӯз, 8 октябр пас аз бемории начандон тӯлонӣ Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, омӯзгор Ҳабиба Каримова, модари муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дар синни 93-солагӣ дар шаҳри Конибодом аз олам даргузашт. Ҷанозаи марҳум нимаи имрӯз дар масҷиди «Тезгузар»-и шаҳри Конибодом баргузор мешавад. Ҳабиба Каримова 5 сентябри соли 1923 таваллуд шудааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 1937 […]

ASIA-Plus



Шоми дирӯз, 8 октябр пас аз бемории начандон тӯлонӣ Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, омӯзгор Ҳабиба Каримова, модари муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дар синни 93-солагӣ дар шаҳри Конибодом аз олам даргузашт.

Ҷанозаи марҳум нимаи имрӯз дар масҷиди «Тезгузар»-и шаҳри Конибодом баргузор мешавад.

Ҳабиба Каримова 5 сентябри соли 1923 таваллуд шудааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 1937 дар омӯзишгоҳи педагогии Конибодом оғоз гардида, то соли 1942 ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи ба номи В.Чапаев кор кардааст. Соли 1942 Ҳабиба Каримова ба унвони «Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.

Аз соли 1942 то соли 1949 мудири қисми илмӣ, сипас аз соли 1949 то соли 1985 вазифаи директори мактаби ба номи Чапаеви шаҳри Конибодомро ба уҳда дошт. Соли 1959 Донишкадаи педагогии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Давоми солҳои гуногун вакили Анҷумани умумиитифоқии омӯзгорони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Анҷумани омӯзгорони Тоҷикистон интихоб шудааст.

Соли 1978 Ҳабиба Каримова ба унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ қадрдонӣ шуда, дорандаи ду ордени Ленин ва медалҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ аст.


Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба хешону наздикони марҳум самимона ҳамдардӣ изҳор намуда, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.