Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо дар вазни то 90 кило гуштигири тоҷик Фаррухи Салим ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.
Дар роҳ ба қувваозмоии финалӣ ӯ рақибони худ – Сун Лим Чо (Корея), Темирлан Колбай (Қазоқистон) ва Азамат Бектурсунов (Қазоқисион)-ро шикаст дода, дар вохӯрии финалӣ бар гуштигири Туркманистон Ботур Хоҷамуҳаммедов бо ғалабаи соф дастболо шуд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин мусобиқа Акмал Муродов (вазни то 81 кило) зинаи 5-умро ишғол кард.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо дар Бангкок (Таиланд) баъди мусобиқа миёни наврасон баргузор шуд, ки дар он дастаи
мунтахаби наврасони Тоҷикистон соҳиби ду медал
– як тило ва як биринҷӣ гардид.



