Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон



Рӯзҳои 12-13 ноябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Покистон меравад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷараёни сафари сарвари давлати Тоҷикистон ба Исломобод дидору гуфтушуниди ӯ бо президент ва нахуствазири Покистон Мамнун Ҳусейн ва Муҳаммад Навоз Шариф ва ҳамчунин раисони ҳарду палатаи парлумони ин кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои баландпояи Покистону Тоҷикистон имзои як бастаи нави созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни Исломободу Душанбе дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное