Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки ҳадду ҳудуд миёни мубориза алайҳи терроризм ва риояи ҳуқуқи инсонро нигоҳ дошта, ба ин васила аз ҷумла ҳуқуқҳои динии шаҳрвандонро таъмин кунад.
Аз рӯи натоиҷи гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ рӯзи сешанбе ба журналистон изҳор намуд, ки дар гуфутушунид як қатор масъалаҳо, аз ҷумла мубоиза бо терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шудаанд. Керрӣ қайд кард, ки дар вохӯрӣ ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ҳадду ҳудуд миёни мубориза алайҳи терроризм ва риояи ҳуқуқи инсонро нигоҳ дошта, ба ин васила аз ҷумла ҳуқуқҳои динии шаҳрвандонро таъмин кунад.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ба мушкилоти марбут ба иқтисоди Тоҷикистон, қабл аз ҳама мушкилоти рушди иқтисод дар Русия таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Керрӣ таъкид дошт, ки дар мулоқот ҳамчунин мушкилоти марбут ба бахши энергетикаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла баҳсҳо бо Ӯзбекистон оид ба сохтмони иншооти бузурги электроэенергетикӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Ӯ зикр кард, ки вариантҳои гуногуни таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ баррасӣ шудаанд. Котиби давлатии ИМА ҳамчунин гуфт, муддати 5 сол дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳае ба нақша гирифта шудааст, ки ба Тоҷикисон натанҳо ба таъмини аҳолии худ бо нерӯи барқ, балки ба содироти он ба Афғонистон низ имкон фароҳам меоварад.
Ғайр аз ин, идома дод Керрӣ, зимни гуфтушунид вазъ дар Афғонистони ҳамсоя низ баррасӣ шудааст. Ӯ итминон дод, ки ИМА ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон идома медиҳад. Котиби давлатӣ таъкид дошт, ки бори дигар ба сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи нияти раҳбарияти ИМА оид ба боқӣ гузоштани қисмате аз нерӯҳои низомии худ дар Афғонистон маълумот додааст.
Керрӣ илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ӯро даъват намудааст, ки дар фурсати барояш қулай бо сафари бештар тӯлонӣ аз Тоҷикистон боздид намояд ва ӯ ин даъватро бо қаноатмандӣ пазируфтааст.



