Дар доираи сафари кории гурӯҳ оид ба робита бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҳайати Раян Стил, Мишел Стерлинг ва Ҷозеф Зварн ба шаҳри Исфара дар мувофиқа бо ҳукумати шаҳр тасмим гирифта шуд, ки бо кумаки ИМА аз 12 ноябри соли ҷорӣ ба сохтмони бинои иловагӣ дар мактаби 67-и воқеъ дар маҳаллаи Зебуннисои маркази шаҳр ҳусни оғоз бахшида шавад.
Иқбол Тешаев, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара дар ин робита иттилоъ дод, ки маблағи сохтмони бинои иловагӣ аз рӯи лоиҳа 1 млн. 800 ҳазор сомониро ташкил дода, аз 9 синф ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат хоҳад буд.
Сохтмони бинои иловагии мактаб аз ҷониби ширкати сохтмонии ҶДММ «Муросо» ба сомон расонида шуда, мавриди истифода қарор гирифтани иншоот дар остонаи 25-солагии ҷашни истиқлолияти ҷумҳурӣ дар назар аст.



