Боздошти гумонбар ба қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори ду нафар кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт сокини 21-солаи шаҳри Кӯлоб Умедҷони Амрохонро боздошт намуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ содир намуда, айни ҳол шарикаш мавриди ҷустуҷӯи кормандони мақомот қарор дорад. Гуфта мешавад, Умедҷони […]

ASIA-Plus



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори ду нафар кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт сокини 21-солаи шаҳри Кӯлоб Умедҷони Амрохонро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ содир намуда, айни ҳол шарикаш мавриди ҷустуҷӯи кормандони мақомот қарор дорад.

Гуфта мешавад, Умедҷони Амрохон муваққатан дар шаҳри Душанбе истиқомат дошта, расман бекор мебошад. Сабаб ва ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур муайян карда мешавад. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки 

ахири ҳафтаи гузашта

 афроди номаълум  ба 4 тан аз кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ҳалок ва боқимонда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар ин робита Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон дархост кард, ки агар оид ба ҳодисаи куштор ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта ягон маълумот дошта бошанд, ба мақомоти милитсия хабар расонанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки касоне, ки дар ин бора маълумоти дақиқ медиҳанд, 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида мешаванд. Нисбати шахсоне, ки ягон маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон доштани шахсияти онҳо кафолат дода шуд.

Ғайр аз ин, ВКД Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ 

ҳеҷ рабте надорад

.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.