Шарҳи ВКД Тоҷикистон оид ба мақолаи «Азия-Плюс» «Баллада о Солдате»



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мақолаи дар ҳафтаномаи «Азия-плюс», №85 (1068) аз 29.10.с.2015 таҳти сарлавҳаи «Қисса дар бораи сарбоз»

(Баллада о Солдате)

дарҷгардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, иттило медиҳад, ки он асоси воқеӣ надорад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, сарулибос, телефон ва дигар ашёи мутааллиқ ба марҳум Дмитрий Буриев аз сабабе, ки ба ҳалокат расидааст, тибқи тартиби муқарраргардида, барои муоина ва пешбурди парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби Прокуратураи ҳарбӣ дар пакети махсус гирифта мешавад.

Марҳум Дмитрий Буриев вақте, ки тайи се рӯз дар сардхона меистод, оиди гирифта, гӯрондани ӯ ягон нафар муроҷиат накардааст. Тамоми хароҷоти маросими гӯронидани Дмитрий Буриевро Вазорати корҳои дохилӣ ба зимма гирифта, бо иштироки роҳбарияти Вазорат, ҳайати шахсии мақомот ва дигар дӯстону рафиқонаш, марҳум пас аз маросими видоъ ва арҷгузорӣ, дафн карда шуд.

Бояд қайд кард, ки Дмитрий Буриев аз моҳи апрели соли ҷорӣ то замони марг дар утоқи кориаш, дар қароргоҳи ДТММ зиндагӣ мекард, ӯ бо ҳамсараш Рано Ахмедова зиндагии якҷоя надоштанд. Сару либос ва дигар ашёҳои лозимии Буриев Д. дар утоқи кориаш нигоҳ дошта мешуд.

spot_imgspot_img

Популярное