Ду медали нуқраи паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон

Паҳлавони маъруфи тоҷик Набимуҳаммад Хоркашов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш шаби якшанбеи 15 ноябр ба анҷом расид, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кг мақоми дувумро касб кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Набимуҳаммад пас аз се ғалаба бар рақибонаш аз Гана, Булғористон ва Гурҷистон, […]

ASIA-Plus



Паҳлавони маъруфи тоҷик Набимуҳаммад Хоркашов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш шаби якшанбеи 15 ноябр ба анҷом расид, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кг мақоми дувумро касб кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Набимуҳаммад пас аз се ғалаба бар рақибонаш аз Гана, Булғористон ва Гурҷистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Артём Осипенко аз Русия, ки барои чаҳорумин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд, шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ин дувумин медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов 14 ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Булғористон, Русия ва Қазоқистон ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Вахтанге Чидрашвили (Гурҷистон) шикаст хӯрда, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Паҳлавони гурҷӣ чун соли гузашта ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Гуфта мешавад, мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифта, дар ин мусобиқа варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат варзидаанд. 

Ба ҷуз Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашов, натиҷаи гуштигири дигари тоҷик Муҳаммадризо Қурбонзода низ қобили қайд аст. Ӯ дар мусобиқаи самбои варзишӣ дар вазни то 100 кг мақоми панҷумро касб кард.

Вале  дар се рӯзи мусобиқа – 13 -15 ноябр – чаҳор паҳлавони тоҷик ноком шуданд. Дар сабқати самбои варзишӣМустафо Ҳасанов (68 кг) баъди ду пирӯзӣ, Ардашер Исмоилов (52 кг) ва Хушқадам Хусравов (62 кг)  дар даври аввал, дар сабқати самбои размӣ Табрезшо Парпишоев (74 кг) дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.