Ҷасади Умаралии 5-моҳа ба Душанбе оварда шуд

Ҷасади Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки рӯзи 13 октябр дар шаҳри Санкт-Петербуги Русия фавтида буд, субҳи имрӯз тариқи ҳавопаймои хатсайри ширкати «Сомон-Эйр» дар Душанбе оварда шуд. Аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷасад ҳамроҳи модараш ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Дар фурудгоҳ онҳоро хешону наздикони зан ва ҳамсараш пешвоз гирифтаанд. Ба […]

Аваз Юлдошев



Ҷасади Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки рӯзи 13 октябр дар шаҳри Санкт-Петербуги Русия фавтида буд, субҳи имрӯз тариқи ҳавопаймои хатсайри ширкати «Сомон-Эйр» дар Душанбе оварда шуд.

Аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷасад ҳамроҳи модараш ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Дар фурудгоҳ онҳоро хешону наздикони зан ва ҳамсараш пешвоз гирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҷасади кӯдакро барои ба хок супурдан ба хонаи бобои падариаш дар ноҳияи Файзобод бурдаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки суди шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр

 аризаи шикоятии модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа

 аз болои қарори хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русияро рад кард. Дар муддати 15 рӯз зан қаламрави Русияро бояд тарк кунад. Моҳи октябр диаспораи тоҷикон аз суд дархост намуда буд, ки хориҷ кардани занро ба муддати 2-3 моҳ то анҷоми тафтишот мавқуф гузорад.

Тибқи 

хулосаи коршиносони судиву тиббӣ

, ки рӯйи ҷасади кӯдаки 5-моҳа қариб се ҳафта таҳқиқ гузарониданд, Умаралӣ Назаров аз бемории инфексияи ситомегаловирусӣ фавтидааст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, Федератсияи муҳоҷирони Русия барои дастгирии оилаи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки тифлашон дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург фавтид,

таъсиси як фондро дар нақша дорад.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.